Раиси вилоят дар Интернати ноҳияи Вахш

#Раиси_вилоят_дар_Интернати_ноҳияи_Вахш АЁДАТИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ ВАХШ Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбиқи амалии дастуру супоришҳои доимӣ ва раиятпарваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш ташриф оварда, аз шароиту зиндагии онҳо дидан намуд ва ба мактаббачагон тӯҳфаи идона ва кӯмакҳои яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонид. Тӯҳфаҳои идона аз китоб, сару либоси варзишӣ, пойафзол ва шириниҳо иборат буда, ҳамзамон барои тарбиятгирандагони ин муассиса дастархони идона ороста шуд, ки боиси боз ҳам хушҳоливу рӯҳбаландии онҳо гардид. Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид сараввал дар саҳни бино аз дастовард, ҳунару истеъдодҳои хонандагони ин муассиса дидан намуда ба ҳунару истеъдодҳои онҳо баҳои баланд дод. Сипас, бо хонандагони ин даргоҳи маърифат мулоқот анҷом намуда, иброз доштанд, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри фароҳам оврадани шароити мусоиди таҳсил ва кору рӯзгори тамоми қишрҳои ниёзманди ҷомеъа тадбирҳои зарури андешида мешавад. Дар Муассиса - интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш айни замон 270 нафар кӯдакону наврасони ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки дар он барои будубош, таҳсил ва истироҳату фароғати тарбиятгирандагони муассисаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат тамоми ҷабҳаҳои ҳайёти мардум рушду густариш ёфта, барои сокинон шароити арзандаи рӯзгор фароҳам оварда шудааст. Бахусус дар қатори масъалаҳои дигар, тавваҷуҳу ғамхориҳои пайваста нисбати ятимону бепарасторон, эҳиёчмандону оилаҳои ниёзманд дар меҳвари асосии сиёсати ичтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва чунин иқдому ташаббусҳои неку писандида каме ҳам бошад боиси рӯҳбаландии қишри эҳтиёљманди ҷомеа гардида, то андозае дар фароҳам гардидани шароити мусоиди рӯзгори онҳо таъсири мусбат мегузорад. Тарбиятгирандагони Муассиса - интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш аз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ изҳои хушнуди карда, иброз доштанд, ки бо аз бар намудани илму донишҳои гуногун, оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Тибқи иттилоъ тарбиятгирандагони Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш баробари барномаи таълимӣ, ҳамзамон ба китобхонӣ, аз бар намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул гардида, малакаҳои зеҳниву ҷисмонии худро тақвият мебахшанд. Соли гузашта хонадагони муассиса то ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфта сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Имсол аз 12 нафар хатмкунандагони ин даргоҳ барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои касбиву олии мамлакат 11 нафарашон дар Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, имрӯзҳо бо кӯмаки устодон барои имтиҳонҳои қабул омодагӣ мегиранд.

Ятимдухтаронро кӣ хостгор мешавад?
▶︎

Ятимдухтаронро кӣ хостгор мешавад?

Кочкордогу жолугушуу: Президент элдин арыз-арманын ачык укту (1-бөлүм)
▶︎

Кочкордогу жолугушуу: Президент элдин арыз-арманын ачык укту (1-бөлүм)

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2026) اخبار تاجیکستان )
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2026) اخبار تاجیکستان )

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш / Ахбори Точикистон
▶︎

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш / Ахбори Точикистон

Мактаб - Интернати нав дар ноҳияи Вахш. 15.12.2023
▶︎

Мактаб - Интернати нав дар ноҳияи Вахш. 15.12.2023

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (29.08.2023) اخبار تاجیکستان
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (29.08.2023) اخبار تاجیکستان

БОЕВИК! ПОСЛЕ 14 ЛЕТ В ПЛЕНУ БЫВШИЙ РАЗВЕДЧИК ВЕРНУЛСЯ ЧТОБЫ МСТИТЬ НАКАЗЫВАТЬ ОБИДЧИКОВ И УБИЙЦ!
▶︎

БОЕВИК! ПОСЛЕ 14 ЛЕТ В ПЛЕНУ БЫВШИЙ РАЗВЕДЧИК ВЕРНУЛСЯ ЧТОБЫ МСТИТЬ НАКАЗЫВАТЬ ОБИДЧИКОВ И УБИЙЦ!

Боздошти генерал ва ҷонишинаш дар ҷаласаи ҳукумат
▶︎

Боздошти генерал ва ҷонишинаш дар ҷаласаи ҳукумат

Нишасти матбуотии раиси н.Вахш САВОЛУ ҶАВОБҲО бо Қурбон Юсуфов...
▶︎

Нишасти матбуотии раиси н.Вахш САВОЛУ ҶАВОБҲО бо Қурбон Юсуфов...

WILD DOCUMENTARY - 2025
▶︎

WILD DOCUMENTARY - 2025

“You’ll Never Be Like Us.” Until 500KG Happened 🔥
▶︎

“You’ll Never Be Like Us.” Until 500KG Happened 🔥

Кушодашавии Беморхонаи Вахш. 15.12.2023
▶︎

Кушодашавии Беморхонаи Вахш. 15.12.2023

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (02.07.2026) اخبار تاجیکستان )
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (02.07.2026) اخبار تاجیکستان )

Раиси вилоят дар ноҳияи Вахш
▶︎

Раиси вилоят дар ноҳияи Вахш

Putting into operation the dormitory building of the Nosiri Khusrav Bokhtar State University
▶︎

Putting into operation the dormitory building of the Nosiri Khusrav Bokhtar State University

В Вахше через сутки после задержания скончался подозреваемый в краже
▶︎

В Вахше через сутки после задержания скончался подозреваемый в краже

РАИСИ ШТАБИ ҲИЗБИ РАҲМОНОВ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ КИСТ?
▶︎

РАИСИ ШТАБИ ҲИЗБИ РАҲМОНОВ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ КИСТ?

Unbelievable Smart Worker & Hilarious Fails | Construction Compilation #5 #adamrose #smartworkers
▶︎

Unbelievable Smart Worker & Hilarious Fails | Construction Compilation #5 #adamrose #smartworkers

Buying Goats From Farmers | 3-Wheeled Truck Packed Full for Village Market
▶︎

Buying Goats From Farmers | 3-Wheeled Truck Packed Full for Village Market

Ҷавонмардони ноҳияи Вахш ба хизмат рафтанд.
▶︎

Ҷавонмардони ноҳияи Вахш ба хизмат рафтанд.