Раиси вилоят дар ноҳияи Вахш
#Раиси_вилоят_дар_ноҳияи_Вахш Сипари марзи Ватан ояти мардонагӣ аст, Поси ин хонаву дар номуси сарбози Ватан. ...Рустами сафдари ӯем ба ҳангоми набард, Мо ҳама баҳри дифоъ афсари ҷонбози Ватан. Имрӯз, 3 декабр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Вахш ба ҳолпурсии волидони чанд сарбозе, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ дар сарҳади Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд, омаданд. Ба аҳли хонаводаи сарбозони далери Ватан марҳум Асадулло Зикруллоев, Нарзулло Салихов ва Шуҳрат Абдулҳаев аз номи Пешвои миллат кумакҳои навбатӣ расонида шуд. Раиси вилоят аз садоқату сарсупурдагии муҳофизони Ватан ба некӣ ёдовар шуда, онҳоро фарзандони шоиставу ифтихоровари диёр номиданд, ки номи неку корномаашон то абад дар таърихи Тоҷикистони навин сабт хоҳад шуд. Шаҳидон роҳи озодӣ ва ҳомиёни Ватан ҳаргиз намемиранд, зеро ҳифзу ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандӣ аст, - афзуданд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Онҳо дар майдони ҷанг, барои ҳифзи марзу бум ва дар роҳи хидмат ба Ватан ва мардумашон кушта шуданд. Ёдашон гиромӣ бод. ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри сокинони ноҳия ҷараён дорад. Раиси вилоят қайд карданд, ки шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Сокинони маҳаллӣ Қурбоналӣ Эркаев, Ғоибназар Баротов, Саъба Исломова, Неъматулло Нуралиев, Авазхон Сайвалиев, Робиямо Шарипова, Раҷабалӣ Мусоев, Файз Ҳабибуллоев, Боймаҳмад Раҳимов, Маҳмадкарим Акрамов, Сайрамбӣ Аҳмадова, Сафаргул Раҳимова, Миҷгона Расулова, Маҳмадалӣ Ҳабибуллоев ва дигарон вобаста ба дарёфти кумаки молиявӣ, таъмин намудани деҳаи бебарқ бо трансформатори барқӣ, насби трубинаи иловагӣ, дигар кардани маҷрои оби канали селгузари деҳаи Иттифоқ, таъмири пули мошингузари деҳаи Пахтадашт, ҷудо намудани гранти раиси вилоят барои дастгирии рушди соҳибкории занон, бунёди муассисаи таълимӣ дар деҳаи Тепаликт, ҷудо кардани замин барои ташкили фермаи мурғпарварӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва монанди ин масъалагузорӣ намуданд. Раиси вилоят ба масъулони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии оҷилӣ ва ҳаллу фасли мусбати масъалаҳои матраҳшуда дастур доданд. Таъкид шуд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба муроҷиатро кафолат медиҳад.

Million jamoasi | G'alati produser

JANITOR vs THE BIGGEST GUY IN THE GYM. HE Didn’t Expect THAT

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2024) اخبار تاجیکستان

Bloger yashirin kurash qurboni...mi?

Боздошти "милиса" дар Душанбе

Farz | Drama | 2026 | Film

Ташиев баштаган сегиз адамдын сот өкүмү

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2026) اخبار تاجیکستان )

Шеф: сезон 1, серии 21-24 ПОДРЯД

O‘zbekiston Prezidentining Gruziyaga davlat tashrifi boshlandi

Ахбори Озодӣ аз 2-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (20.02.2026) اخبار تاجیکستان )

Rossiya Ukraina urushlari jadallashmoqda #fikratuz

Кушодашавии Беморхонаи Вахш. 15.12.2023

I Bought a Wife in Angola? Living With the Tribe

A WAR HIT THAT GRABS YOU FROM THE FIRST MINUTE AND KEEPS YOU HOOKED UNTIL THE VERY END / "Leaving...

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (02.07.2026) اخبار تاجیکستان )

Пешниҳоди муҷозоту таҳрими мақомдорони тоҷики муттаҳам бо азияти зиндониён

Ҳалокати 11 нафар дар натиҷаи бархӯрди мошинҳо дар шаҳри Ваҳдат

