Истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ 26.06.2025

26 июн дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардордорӣ қарор додани як зумра иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Даврвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳазорон сокини ватанпарвар бо рӯҳу илҳоми баланди сиёсиву ватандорӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба Роҳбари давлат истиқбол гирифтанд. Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид. Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон муҳтавои амиқи сиёсӣ ва рушди ҳаматарафаи иҷтимоиву иқтисодиро доро буда, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гушаи диёр такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Саврари давлатро дар дил мепарваранд, дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассум карданд. Истиқболи Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат буда, аз иродаи устувори мардум барои пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хоруғ #Хорог #Khorog

Гусели меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
▶︎

Гусели меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

СУХАНРОНИИ ХОЛАИ ФОТИМА ДАР НАЗДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
▶︎

СУХАНРОНИИ ХОЛАИ ФОТИМА ДАР НАЗДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2026) اخبار تاجیکستان )
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2026) اخبار تاجیکستان )

Тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз шаҳри Хоруғ 27-06-2025
▶︎

Тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз шаҳри Хоруғ 27-06-2025

Тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ш. Хоруғ
▶︎

Тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ш. Хоруғ

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт
▶︎

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ
▶︎

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

England - DR Kongo, Highlights mit Livekommentar | FIFA WM 2026 | MAGENTA TV
▶︎

England - DR Kongo, Highlights mit Livekommentar | FIFA WM 2026 | MAGENTA TV

Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
▶︎

Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШУГНОН ВА ХОРУГ
▶︎

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШУГНОН ВА ХОРУГ

Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»
▶︎

Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рӯзи дониш
▶︎

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рӯзи дониш

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ мулоқот намуданд
▶︎

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ мулоқот намуданд

Тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт / 13.09.2024 / Концерт
▶︎

Тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт / 13.09.2024 / Концерт

Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Баҳори дӯстӣ”
▶︎

Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Баҳори дӯстӣ”

The working visit of the Leader of the Nation, His Excellency Emomali Rahmon, to Khovaling distri...
▶︎

The working visit of the Leader of the Nation, His Excellency Emomali Rahmon, to Khovaling distri...

Таҷлили 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ
▶︎

Таҷлили 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ
▶︎

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

Ҳусни бузургдошти Пешвои миллат аз бузургворони тоҷик حسن بزرگداشت پیشوای ملت از بزرگواران تاجیک
▶︎

Ҳусни бузургдошти Пешвои миллат аз бузургворони тоҷик حسن بزرگداشت پیشوای ملت از بزرگواران تاجیک

#STUDIO_PAMIR_MUSIC   Концерт Соли нав 2025 ресторан Жемчужина
▶︎

#STUDIO_PAMIR_MUSIC Концерт Соли нав 2025 ресторан Жемчужина