САЙФИДДИН АКРАМЗОДАИ ТУДАӢ #хисор #хисори #ҳисор #точикона #точикистон
ТУДА: ТАЪРИХ, ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ ВА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ: • ТУДА: ТАЪРИХ, ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ ВА ЁДГОРИҲ... Сайфиддин Акрамзодаи Тудаӣ: Аллома Иқбол ба тоҷикӣ гап намезад?!. • АЛЛОМА ИҚБОЛ ФОРСИРО НАМЕДОНИСТ?//علامه اق... Сайфиддин Акрамзодаи Тудаӣ соли 1945 дар деҳаи Тудаи шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №6-и ба номи Ҳабибулло Назаров соли 1962 ба Шуъбаи форсии факултети таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленини шаҳри Душанбе (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1967 бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар шуъбаи Кумитаи радио ва телевизиони Шурои вазирони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир ба кор даъват шуда, пас аз як соли кор дар он ҷо ба шуъбаи Ҳинду Покистони Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор даъват шудааст. Ҳамин тавр, ӯ дар оянда аспирантура ва баъдан аз Тоҷикистон аввалин шуда докторантураро дар Академияи Иқболи Покистон ба итмом расонидааст. Солҳои 1980-1981 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст. Дар ин навормусоҳиба устод Сайфиддин Акрамзодаи Тудаӣ аз саргузаштҳои пурмоҷарои хеш ба мо қисса мекунад... САЙФИДДИН АКРАМЗОДАИ ТУДАӢ #хисор #хисори #ҳисор #точикона #точикистон
