Суханронӣ дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳия
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд.Дар оғози мулоқот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи металлургияи сиёҳ дар минтақа ва ҷаҳон, имрӯзу ояндаи ин соҳа дар Тоҷикистон, нақшаҳои бунёдкории Комбинати металлургии тоҷик ва саҳмгузории он дар рушди иқтисоди миллии кишвар гузориш дода шуд. Тавре зикр гардид, бо татбиқи нақшаҳои кунунӣ ва ояндаи ин комбинат доир ба сохтмони корхонаҳои металлургӣ, семент, оҳак, шиша, кошину серанит ва дигар масолеҳи сохтмонию саноатӣ нақши ин гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар рушди низоми истеҳсолоти ивазкунандаи воридот дар Тоҷикистон ва густариши иқтидори содиротии он барҷаста хоҳад буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии кишвар - корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии “Комбинати металлургии Тоҷик” иброз доштанд, ки бунёди ин иншоот сохтмони танҳо як корхона нест, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат металлургияи сиёҳро дар рушду пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, инчунин, рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ муҳим арзёбӣ намуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #БобоҷонҒафуров President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Сафари кории сарвари давлат дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

OZODNEWS: Davlat adabiyot muzeyi ko‘chirilmoqda, ziyolilar xavotirda | Ukrainaga bosqin

ЖОЛОНДУН ЖОЛУ ЖООРУТТУ I КӨЛДҮКТӨРДҮ КҮТТҮРГӨН ЖОЛ | ЫДЫРЫС ИСАКОВ

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сурма дар ноҳияи Айнӣ

Fresh Bread Every Morning in Uzbekistan ⭐⭐⭐⭐⭐ Young PRO KID Making BREAD

هل تسقط مقديشو أمام صعود أرض الصومال؟ | مسائية

🔥🔥🔥Lukashenko: "If it works for you, please, take it! Canned meat, condensed milk, and everything...

How Iran and the US went from friends to bitter foes - BBC Africa

СОХТМОНИ РОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ ВА САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

АКШ Иран Ормузду көзөмөлдөбөй калганын айтты. Тегеран эмне дейт?

O‘XSHAMAGAN O‘PICH, TRAMP UCHUN TUALET

Идомаи корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун ва дигар Ахборҳо

Сафари расмии сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон

NATONING TAQDIRI ANQARADA HAL BO’LDI

FULL: Trump, Zelenskyy, Macron, Carney and NATO Leaders Arrive for Erdoğan's State Dinner | AC1G

Лаҳзаҳо аз сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Renovated Ak-Keme Hotel – What’s Inside?

Turkiya omili: NATOda zarur, YEIda ortiqchami?

Сафари кории Президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич

