Пешвои миллат аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои н. Рӯдакӣ дидан намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд ------------------------------------------------------------ 27 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд. Айни ҳол дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат дар мактаб-интернат шароити муосир барои омӯзиш ва зисту зиндагонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ буда, ҳамчунин аз кабинетҳои методӣ, синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер иборат мебошад. Китобхонаи таълимгоҳ бо 8200 нусха китоби таълимӣ таъмин буда, ҳамчунин наздик ба 3 ҳазор китоби бадеӣ барои мутолеа дастраси хонандагон мебошад. Китоби махсуси «Имову ишора» барои хонандагони синфҳои аз 1 то 3 ба пурагӣ дастраси хонандагон мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хоса, ба фаъолияти мутахассисон зоҳир гардида, дар ин доира наздик ба 60 нафар омӯзгорони соҳибтахассус, ки аз курсҳои махсуси бозомӯзӣ гузаронида шудаанд ба тарбиятгирандагон дарс мегӯянд. Мавриди зикр аст, ки ҳамчунин 7 нафар омӯзгори имконияташон маҳдуд низ ба дарсомӯзӣ машғул мебошанд. Мусалам аст, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуи доимии шахсии Сарвари давлат қарор дошта, дар ин доира дар саросари мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, давоми чанд соли охир мактаб-интернати мазкур аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, хобгоҳи муассиса бо 400 кати хоб бо шароити муосиру зарурӣ таъмин гардид. Утоқи тиббӣ, ки барои муолиҷаи кӯдакон пешбинӣ гардидааст бо 3 кати хоб таъмин буда, дар он дастгоҳҳои зарурии соҳавӣ васлу насб гардидаанду нафароне, ки ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд ба дорувории ройгон дастрасӣ доранд. Ҳамчунин маҷлисгоҳ бо бештар аз 300 ҷой нишаст мавҷуд буда, хонандагон дар ошхона бо панҷ вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мебошанд. Инчунин, хонаи истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди мактаб — интернат бунёд ёфта, ҳаммом барои кӯдакон ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф намуданд, ки нисбат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва тамоми кушишро ба харҷ диҳанд то хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархурдор гарданд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба хонандагони мактаб-интернат барои ба сайру тамошо баромадан 2 адад автобус тақдим намуданд. АМИТ «Ховар» ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX ★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP ★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m #Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston

Боздошти зердастони Бахтиёр Назарзода баъди барканории ӯ
▶︎

Боздошти зердастони Бахтиёр Назарзода баъди барканории ӯ

Варзиш дар мактаб. МТМУ №57 н.Ёвон
▶︎

Варзиш дар мактаб. МТМУ №57 н.Ёвон

Мактаб интернати шаҳри Ҳисор Дар хурсанди ин кудакҳо моҳам Хурсанд
▶︎

Мактаб интернати шаҳри Ҳисор Дар хурсанди ин кудакҳо моҳам Хурсанд

Ground plane 2026 now in Kabul, Freshta Azimi reports/طیاره زمینی ۲۰۲۶حالا در کابل،گزارش فرشته عظیمی
▶︎

Ground plane 2026 now in Kabul, Freshta Azimi reports/طیاره زمینی ۲۰۲۶حالا در کابل،گزارش فرشته عظیمی

«Ҷасорат» - Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
▶︎

«Ҷасорат» - Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (19.08.2025) اخبار تاجیکستان
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (19.08.2025) اخبار تاجیکستان

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати № 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе
▶︎

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати № 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе

Холаи Фотима Чаноби Олиро дар хайрат монд. "нохияи Дарвоз" 2021
▶︎

Холаи Фотима Чаноби Олиро дар хайрат монд. "нохияи Дарвоз" 2021

Ношунавоён чӣ гуна суруд мехонанду мерақсанд?
▶︎

Ношунавоён чӣ гуна суруд мехонанду мерақсанд?

Сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
▶︎

Сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Сафари расмии сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон
▶︎

Сафари расмии сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон

Эмомали Рахмон - поддержка сирот и инвалидов
▶︎

Эмомали Рахмон - поддержка сирот и инвалидов

Лаҳзаҳо аз сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии муҳтарам Рустами Эмомалӣ
▶︎

Лаҳзаҳо аз сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии муҳтарам Рустами Эмомалӣ

ТАДЖИКИСТАН - ГОРЫ, ЗАТЕРЯННЫЕ НАЦИИ И УДИВИТЕЛЬНЫЕ ЛЮДИ | ЛУЧШИЕ ВЫПУСКИ ОРЕЛ И РЕШКА|ЛУЧШИЕ ТВ-ШОУ
▶︎

ТАДЖИКИСТАН - ГОРЫ, ЗАТЕРЯННЫЕ НАЦИИ И УДИВИТЕЛЬНЫЕ ЛЮДИ | ЛУЧШИЕ ВЫПУСКИ ОРЕЛ И РЕШКА|ЛУЧШИЕ ТВ-ШОУ

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи И. Сомонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд
▶︎

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи И. Сомонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд

Ташриф Бахтиёр Сайдахмад Хотирахо
▶︎

Ташриф Бахтиёр Сайдахмад Хотирахо

«Дунёи меҳр» - Исоева Томирис, тарбиятгирандаи мактаб-интернати №1, ш. Душанбе
▶︎

«Дунёи меҳр» - Исоева Томирис, тарбиятгирандаи мактаб-интернати №1, ш. Душанбе

"800 ҳазор бева". Гузориши расонаи Чин дар бораи Тоҷикистон
▶︎

"800 ҳазор бева". Гузориши расонаи Чин дар бораи Тоҷикистон

Боздошти "милиса" дар Душанбе
▶︎

Боздошти "милиса" дар Душанбе

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Мамлакати Арабистони Саудӣ
▶︎

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ