Фарзона Муҳиддинова: Аз ҷабри зиндагӣ худамро оташ задам, вале...
Фарзона Муҳиддинова: Аз ҷабри зиндагӣ худамро оташ задам, вале... Сарнавишти талхи як зани тоҷик, ки бо 3 фарзанд дар кӯча мондааст Ин зани тоҷикро зиндагии пур аз ранҷу азоб маҷбур кардааст, ки ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намояд. Фарзона Муҳиддинова зодаи шаҳри Ваҳдат буда, ба гуфти худаш, шавҳараш ба бемории камақлӣ гирифтор аст, бар замми ин, духтарчаи калониаш низ эпилепсия дошта, дардаш тез-тез хурӯҷ мекунад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманаш Фарзонаро бо 3 фарзанди хурдсол аз хона пеш кардааст ва зани бечора намедонад сарашро ба кадом дар занад. “Аз зиндагии пуразоб ҷонам ба лабам расид ва ба сару рӯям керосин пошида, худамро оташ задам, вале шояд ба хотири кӯдаконам худованд ҷони маро нагирифт”мегӯяд Фарзона, ки дар ба дари мардум сарсону саргардон буда, айни замон дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт иҷора мешинад. Ба хотири пеш бурдани зиндагӣ Фарзона майдафурӯшӣ мекунад, аммо даромади ночизе, ки аз ин кор ба даст меорад, баъзан ҳатто барои пардохти маблағи иҷора ва обу барқ намерасад. “Ҳоли кӯдаконамро дида, ҷигарам хун мешавад. Шабҳоро бо гиря саҳар мекунам, чунки фарзандонам нони сериро мебинанд ва аз хушиҳои айёми кӯдакӣ маҳруманд. Касе нест, ки дасти ману бачахоямро бигирад, падарашон зинда аст гуфта, ягон кас ба мо кӯмак намекунад, вале охир шавҳари ман ба бемории камақлӣ гирифтор ва худаш муҳтоҷи дигарон аст ва наметавонад мисли дигар падарон фарзандонашро таъмин намояд. Фикри маро не, фикри ҳамин 3 тифли бегуноҳро кунед, охир ин кӯдакон дар камақлии падар ва дасткӯтоҳии модарашон гуноҳе надоранд”-мегӯяд Фарзона бо ашкҳои шашқатор. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ нисбати тақдири Фарзона ва фарзандони зиндаятимаш бетараф намонда, барои ризои худованд ба ин зани тоҷик ва кӯдакони маъсуми ӯ дарди кӯмак дароз менамоянд, зеро бузургон фармудаанд: Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз, Ки эзид дар биёбонат диҳад боз! Шахсоне, ки ба Фарзона ва фарзандонаш ёрӣ расониданиянд, хайрияи худро ба кортҳои бонкии 5058 2703 0934 2235 (Хумо) ва 9762 0000 2811 8155 ( Корти миллӣ аз Душанбе-сити) гузаронанд ё ба рақамҳои 900-70-25-56 занг зада бо худи Фарзона ҳамсӯҳбат шаванд.

Салом, хоҳар. "Бе никоҳи расмӣ талоқ гирифтам. Чӣ кор кунам?"

Лахзахои Гуворро! Дар ҷустучуи келин!

Ногуфтаҳо София / ناگفتههای صافیه

12 нафар дар як хона? Баҳси манзил дар Фархор دوازده نفر در یک خانه_بحث منزل در فرخار

Фирӯза: Падару модарамро ҳаргиз намебахшам

Никоҳи маҷбурӣ ва оқипадарии Рӯъё

خواستگاری 💍 بهترین برنامم در استانبول 🇹🇷

"Everyone has turned their backs on me"

МАРГИ МОДАР АЗ ДАСТИ ФАРЗАНДОН - НАВОРИ ТАРБЯВИ

Ногуфтаҳо Рафоати Ҷамшед / ناگفتههای رفاقت جمشید

Прости 27 серия (часть 53-54) полностью на русском языке Kechir 27 bo'lim serial Rus tilida

Нурулло Абдуллоев: Одами ҳушёр зани артист намешавад

ТОЧИК ШУДАМ \ ЗАНИ РУС ХОЛАИ ЗАЙНУРА \ Ш. НОРАК \ ПУШАЙМОН НЕСТАМ!!!

Плюшкины дети. Мужское / Женское. 30.09.2019

Модари Бинямини 5-сола "Акачон бахшиш"- аз холи зиндагиаш гуфт! Бе гиря дида намешавад!

ЗАНИ АВЛИЁ. Киссаи хаёти. Бовар дорам оби чашмонатонро нигох дошта наметавонед.

САРНАВИШТИ ТАЛХИ ЗАНЕ, КИ ЧОРПОЯ РОҲ МЕГАРДАД....

Trump set to meet with Netanyahu and Zelenskyy

FATHERLESS GIRLS' COMPLAINT ABOUT THEIR UNCLE'S OPPRESSION

