Ознакомление с детальным проектом генерального плана района Рудаки

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа шинос шуданд. Зимни муаррифии лоиҳаҳо масъулон таъкид доштанд, ки дар асоси нақшаи генералӣ қисми аввали нақшаи муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шудааст. Лоиҳаи мазкур фарогири биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 муассисаи таълимии ҳар кадом барои 3200 хонанда дар ду баст, 8 кӯдакистон барои аз 200 то 400 кӯдак, мактаби мусиқӣ, меҳмонхонаҳо, гулгаштҳо, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷои нишаст, майдонча ва толорҳои варзиш, азнавсозии бозори “Ганҷ”, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ дар назди беморхонаи марказӣ, беморхона барои касалиҳои дил, азнавсозии Қасри фарҳанг, васеъкунии роҳҳо ва ғайра мебошад. Тибқи хулосаи геологӣ лоиҳа ба ду қисм тақсим шуда, дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ, истиқоматию хизматрасонии 5-7 ва дар қисми дигар биноҳои 9-12 ошёна бунёд мешавад. Зимни таҳияи лоиҳа санъати меъмории миллӣ ба инобат гирифта шуда, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст. Бо назардошти то соли 2040 қисман ворид шудани ҳудуди ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба нақшаи генералии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар қисми ҷанубу шарқии он дар заминаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда дар масоҳати 10 гектар бунёди шаҳраки нав ба нақша гирифта шудааст. Шаҳрак барои 3420 нафар аҳолӣ пешбинӣ шуда, аз биноҳои маъмурии ҷамоати шаҳрак, 60 бинои баландошёнаи истиқоматии 12-18 ошёна, муассиссаи таълимӣ барои 2400 хонанда дар як баст, кӯдакистон бо 480 ҷой, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, обанбор бо ғунҷоиши 1500 метри мукааб, бинои гармидиҳӣ, майдончаи варзиш ва майдонча барои бозии кӯдакон, гулгаштҳо ва ғайра иборат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мукаммал намудани шароит барои истиқоматкунандагони шаҳрак ба масъулон маслиҳатҳои муфид дода, зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи сифатноки сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри талаботи муосири шаҳрсозиро ҳатмӣ шумориданд. Бо назардошти талаботи замони муосир маркази маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод ва деҳоти Роҳатию Чортеппа ҳам таҷдид карда мешаванд. Лоиҳаи муфассали банақшагирии маркази маъмурии ҷамоатҳои мазкур фарогири биноҳои истиқоматии 5-7 ошёна, боғчаҳои бачагона барои 200 кӯдак, майдони рамзҳои давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда дар як баст, биноҳои маъмурӣ, маркази саломатӣ ва иншооти хизматрасонӣ мебошанд ва барои аз 1200 то 1400 нафар аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи ҶСК “Шаҳрофар” ва КВД “Лоиҳакаш”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои назорати пурраи ҷараёни корҳо ва таъмини сифати сохтмон муваззаф намуданд.

Ukraina to‘xtamayapti, AQSH Netanyaxudan voz kechmoqchi
▶︎

Ukraina to‘xtamayapti, AQSH Netanyaxudan voz kechmoqchi

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар фазои таълимот ҷойгоҳи хоссаи худро дорад.
▶︎

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар фазои таълимот ҷойгоҳи хоссаи худро дорад.

19.10.2023 Истиқболи Президент дар фурудгоҳи н. Фархор
▶︎

19.10.2023 Истиқболи Президент дар фурудгоҳи н. Фархор

Сокинони Гулбутта мегӯянд, аз дасти Дуланҳо ба дод омадаанд
▶︎

Сокинони Гулбутта мегӯянд, аз дасти Дуланҳо ба дод омадаанд

В районе Рудаки будут построены новые поселки с высотными зданиями
▶︎

В районе Рудаки будут построены новые поселки с высотными зданиями

ҚАРЗ АЗ АМОНАТБОНК БО ИМТИЁЗ
▶︎

ҚАРЗ АЗ АМОНАТБОНК БО ИМТИЁЗ

🔴Putin Moskvadan chiqdi #fikratuz
▶︎

🔴Putin Moskvadan chiqdi #fikratuz

Ободонӣ ва фаъол намудани шаҳраки нави саноатӣ дар Душанбе 20.10.2025
▶︎

Ободонӣ ва фаъол намудани шаҳраки нави саноатӣ дар Душанбе 20.10.2025

Паради ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон / военный парад в честь Дня пограничника
▶︎

Паради ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон / военный парад в честь Дня пограничника

Аввалин нишасти хабарии Ҳабибулло Воҳидзода дар мақоми Додситони кулли Тоҷикистон
▶︎

Аввалин нишасти хабарии Ҳабибулло Воҳидзода дар мақоми Додситони кулли Тоҷикистон

Лаҳзаҳо аз сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии муҳтарам Рустами Эмомалӣ
▶︎

Лаҳзаҳо аз сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Хоки се қаҳрамони Тоҷикистонро ба Душанбе оварданд
▶︎

Хоки се қаҳрамони Тоҷикистонро ба Душанбе оварданд

Хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон якуним сол мешавад?
▶︎

Хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон якуним сол мешавад?

Дар ноҳияи Рӯдакӣ  корхонаи қаннодии «Шоҳасар» ба истифода дода шуд
▶︎

Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи қаннодии «Шоҳасар» ба истифода дода шуд

ABDULLA ABDULVASIEV'S VILLAGE, VAHDAT CITY / LIFE OF PEOPLE IN THE VILLAGE / In the Village
▶︎

ABDULLA ABDULVASIEV'S VILLAGE, VAHDAT CITY / LIFE OF PEOPLE IN THE VILLAGE / In the Village

Сармеъмори Рӯдакӣ боздошт шудаву раиси ноҳия дар робита бо заминфурӯшӣ бозпурсӣ шудааст
▶︎

Сармеъмори Рӯдакӣ боздошт шудаву раиси ноҳия дар робита бо заминфурӯшӣ бозпурсӣ шудааст

Аз кори нақлиёти мусофирбар рози ҳастед?
▶︎

Аз кори нақлиёти мусофирбар рози ҳастед?

Баҳси об, барқ, роҳ, партовгоҳ, майдончаи кӯдакон, нонпазхона, ҷойи ҷамъиятӣ...дар ш. Ваҳдат
▶︎

Баҳси об, барқ, роҳ, партовгоҳ, майдончаи кӯдакон, нонпазхона, ҷойи ҷамъиятӣ...дар ш. Ваҳдат

گزارش ظهور نوری از هفتم محرم در زیارت کارته سخی
▶︎

گزارش ظهور نوری از هفتم محرم در زیارت کارته سخی

Парии Ҳисорӣ: Аз шеър то сиёсат. Бо муҳаққиқ Султонмуроди Одина. #ҳисор #хисори #шеър #точикона
▶︎

Парии Ҳисорӣ: Аз шеър то сиёсат. Бо муҳаққиқ Султонмуроди Одина. #ҳисор #хисори #шеър #точикона