БАРОИ ЧИ ДУЪО ҚАБУЛ НАМЕШАВАД? БАРОДАРИ МУСЛИМ SD

#дуъо Барои чи дуъо қабул намешавад? Яке аз неъматҳои Худованд барои бандааш ин дуъо аст, ки мову шумо ба воситаи он аз Парвардигор талаби ин ё он хоҳишҳоямонро мекунем. Лекин аксаран бародарону хоҳарони исломи аз он шикоят мекунанд, ки дуъоям қабул намешавад. Имрӯз каме оиди ҳамин мавзӯъ маълумоте пешкаши шумо кардаем, ки метавонед онро ҳам ин ҷо хонед ва ҳам аз канали мо дар YouTube "БАРОДАРИ МУСЛИМ" тамошо кунед. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Худованд дуъои нафаронеро ки бесабри мекунанд қабул намекунад" Баъд саҳобагон пурсиданд: Бесабри, яъне чи гуна? Паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: Нафароне ки дуъо зиёд мекунанд ва дар охир мегӯянд ки ман инқадар бисёр дуъо мекунам лекин Худованд дуъои маро қабул намекунад. Худованд ба дуъои бандааш бо се тарз посух медиҳад: 1. Чизеро ки банда мехост медиҳад. 2. Он чизе ки банда мехост намедиҳад ва онро бо чизи дигаре иваз мекунад. 3. Ба банда умуман чизе намедиҳад (дар ин дунё). Хуб якуми барои ҳамма фаҳмо аст. Дуюм чи? Яъне Худованд вақте шумо дуъо мекунед, дуъои шуморо қабул мекунад лек ба шумо дар ивази он чизи дигаре медиҳад. Мисол: Шумо дар ҷустуҷӯи вазифаи хуб будед ва як вазифаро низ маъқул кардеду аз Худованд талаб доред то онро насиби шумо гардонад. Набояд фаромӯш кард ки банда оҷиз аст. Донандаи ғайб танҳо Аллоҳи Меҳрубон аст ва танҳо Ӯ медонад, ки чи чиз ва ё кадом вазифа барои шумо хубтар аст. Яъне кадоме аз онҳо ба имони шумо зарар намерасонад (дар оянда). Барои ҳамин Худованд ба шумо ҳамонеро медиҳад ки бар фоидаи шумост. Фаромӯш накунед ки Худованд шуморо аз худи шумо дида бештар дӯст медорад. Севум оне ки Худованд бар ивази дуъоҳои шумо ҳеч чиз ба шумо намедиҳад. Бале ягон чиз умуман. Лекин ин ҳоло маънои онро надорад ки Худованд дуъои шуморо қабул накардааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омада, ки рӯзи охират банда назди худ ба монанди кӯҳе савоб мебинад. Пасон дар ҳайрат меафтад ва мегӯяд ки ин чи барои ман? Не ман инқадар савоб кор карда наметавонистам. Баъд Худованд ба ӯ мегӯяд, ки бале ин ҳама аз они ту. Банда мегӯяд: Барои чӣ? Баъд Худованд мегӯяд, ту дар дунё бисёр дуъо мекардӣ, лекин ман ба ту чизе дар дунё намедодам. Ту боз дубора дуъо мекардӣ ва рӯҳафтода намешуди. Ин кӯҳи пур аз савоб ки дар ин ҷо мебини натиҷаи ҳамон дуъоҳои ту аст. Баъд банда мегӯяд, ки Худовандо пас чаро ту баъзе дуъоҳои маро қабул кардӣ? Бигзор Худованд чашмҳои моро кушода, дилҳоямонро нарм, имонамонро боз ҳам устувортар гардонад. Омин. Як мисоли одди, вақте ки шумо дар ҷое соҳиби вазифа мешавед, чиро интизор мешавед? Албатта, ки шумо интизори маош, яъне маблағ ҳастед. Лекин агар шумо вазифаи худ, яъне он чи ки корфармо аз шумо талаб мекунад, накунед вай ба шумо маблағ медиҳад? Не намедиҳад. Ин ҷо низ ҳамингуна аст. Вақте дуо мекунем ва мехоҳем ки онро Худованд қабул кунад, бояд, ки фармудаҳои Ӯро ба ҷо биёварем. Дустони азизам мавзӯъ хело зиёд аст ва ин ҷо боз дар намуди аудиоии он мо аз ҳаёти ҳазрати Мусо алайҳиссалом мисоле овардаем, ки ин мавзӯъро пурра аз канали мо дар YouTube "БАРОДАРИ МУСЛИМ" метавонед, мутолиа кунед. Худованд нигахбонатон бошад. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 📣Дустони азиз! 📣 📌Баъд аз тамошои ин навор хатман ангуштро боло кунед👍 💭Фикрхоятонро дар зери ин навор нависед ва дар шабакахои ичтимоии имо ватсап ба дигарон пахн кунед, то дар кори савоб шарик гардед. 📌Хатман ба шабакаи "БАРОДАРИ МУСЛИМ" обуна шавед ва ба ёру дустон низ тавсия намоед то моро хамрохи кунанд! 📰Обуна шудан ба канал:    / @tajreyting   📲Мо дар шабакахои ичтимои: 📌Вконтакте: https://vk.com/tajreytingoriginal 📌Facebook: https://m.facebook.com/groups/6341891... 📌Одноклассники: https://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMai... #ба_канал_ва_гуруххои_мо_обуна_шавед #бародари_муслим #мухаммадпаёмбар #расули_Худо #паёмбар #як_лахза #як_кисса #Бародари_муслим #хадисхо #хадисхои_пайгамбар #хадисхои_бехтарин #хадисхо_бо_забони_форси #хадисхои_пайгамбар_бо_забони_точики #хазрати_умар #хазрати_умар_ибн_хаттаб #сахехи_бухори_бо_забони_точики #китоби_сахехи_бухори #амри_маъруф #хочи_мирзо #эшони_нуриддинчон #эшони_нуриддин #амри_маъруф_точики #бо_забони_точики #расули_акрам #дини_мубин #намоз #руза #закот #Хач #хонаи_Худо

Оё бардоштани даст дар дуъо баъд аз таом дуруст аст?
▶︎

Оё бардоштани даст дар дуъо баъд аз таом дуруст аст?

Кадом вақт дуо қабул мешавад?
▶︎

Кадом вақт дуо қабул мешавад?

Азоб ва даҳшатҳои рӯзи Қиёмат
▶︎

Азоб ва даҳшатҳои рӯзи Қиёмат

АБӮЗАР(Р). САҲОБАЕ КИ ТАНҲО ЗИСТ ВА ДАР ТАНҲОИ ВАФОТ КАРД. АЗ ҲАЁТИ САҲОБАГОН. Sirat-Ul-Yaqin
▶︎

АБӮЗАР(Р). САҲОБАЕ КИ ТАНҲО ЗИСТ ВА ДАР ТАНҲОИ ВАФОТ КАРД. АЗ ҲАЁТИ САҲОБАГОН. Sirat-Ul-Yaqin

FATIHA 7X AYATUL KURSI 7X KAFIRUN 7X IKHLAS 7X FALAQ 7X NAS
▶︎

FATIHA 7X AYATUL KURSI 7X KAFIRUN 7X IKHLAS 7X FALAQ 7X NAS

ДУО - боқудрат барои Бойигари, Сарватманди, Бой ва Сарватманд шудан
▶︎

ДУО - боқудрат барои Бойигари, Сарватманди, Бой ва Сарватманд шудан

Хар амале мекунем 4 нафар шохид аст.  @tjk1163
▶︎

Хар амале мекунем 4 нафар шохид аст. @tjk1163

سخنرانی جدید شیخ محمد صالح پُر دِل🌙 رمضان،ترس از الله،محبت واقعی | سخنان طلایی و ارزشمند 🩵 🔔
▶︎

سخنرانی جدید شیخ محمد صالح پُر دِل🌙 رمضان،ترس از الله،محبت واقعی | سخنان طلایی و ارزشمند 🩵 🔔

БАРАКАТ ДАР ХОНА. SIRAT-UL-YAQIN
▶︎

БАРАКАТ ДАР ХОНА. SIRAT-UL-YAQIN

ХАТОГИХОИ МО БАЪД АЗ ТАВБА КАРДАН.  ГУНОХОНИ ГУЗАШТА АЗОБ МЕДИХАНД.😢  "БАРОДАРИ МУСЛИМ"
▶︎

ХАТОГИХОИ МО БАЪД АЗ ТАВБА КАРДАН. ГУНОХОНИ ГУЗАШТА АЗОБ МЕДИХАНД.😢 "БАРОДАРИ МУСЛИМ"

Фазилат ва Фоидаҳои Намози Шаб  ( Қиёми Лайл )  Абу Суҳайб
▶︎

Фазилат ва Фоидаҳои Намози Шаб ( Қиёми Лайл ) Абу Суҳайб

СУХРОБ ОДИЛИЁН|| ЗАНИ БЕ ҲИҶОБ ОЁ КОФИР АСТ? ҶАВОБИ ДОМУЛЛО @Suhrob_odiliyon
▶︎

СУХРОБ ОДИЛИЁН|| ЗАНИ БЕ ҲИҶОБ ОЁ КОФИР АСТ? ҶАВОБИ ДОМУЛЛО @Suhrob_odiliyon

САВОЛУ ҶАВОБҲО ҚИСМИ 36 ЧИ ГУНА ҚАБУЛ ШУДАНИ ДУЪО ДАР ВАҚТИ САҶДА ПОДЕЛИТЬСЯ КУНЕН 17.11.2020.
▶︎

САВОЛУ ҶАВОБҲО ҚИСМИ 36 ЧИ ГУНА ҚАБУЛ ШУДАНИ ДУЪО ДАР ВАҚТИ САҶДА ПОДЕЛИТЬСЯ КУНЕН 17.11.2020.

👉 ИН ДУЪО МУЪҶИЗА МЕКУНАД. ҲАМАИ МО БА ИН ДУЪО МУҲТОҶЕМ. این دعا معجزه  میکند حتما بو بینید
▶︎

👉 ИН ДУЪО МУЪҶИЗА МЕКУНАД. ҲАМАИ МО БА ИН ДУЪО МУҲТОҶЕМ. این دعا معجزه میکند حتما بو بینید

👉ҚИССАИ ЗАНИ БО ИМОН
▶︎

👉ҚИССАИ ЗАНИ БО ИМОН

АМАЛХОЕ КИ РИЗҚИ БАНДАРО ЗИЁД МЕКУНАНД - عملهای که رزق را زیاد میکنند
▶︎

АМАЛХОЕ КИ РИЗҚИ БАНДАРО ЗИЁД МЕКУНАНД - عملهای که رزق را زیاد میکنند

БИН МЕФАХМИ ЧИХЕЛ БОЯД ДУЪО КУНЕМ КИ ДУЪО КАБУЛ ШАВАД! ЭШОНИ ФЙЗУЛОХОН 2021
▶︎

БИН МЕФАХМИ ЧИХЕЛ БОЯД ДУЪО КУНЕМ КИ ДУЪО КАБУЛ ШАВАД! ЭШОНИ ФЙЗУЛОХОН 2021

بعد از شنیدن این بیان, دیگر هرگز نماز را ترک نخواهی کرد | Инро шунавӣ, намозро тарк намекунӣ
▶︎

بعد از شنیدن این بیان, دیگر هرگز نماز را ترک نخواهی کرد | Инро шунавӣ, намозро тарк намекунӣ

ДУОИ БЕХТАРИН ХАТМАН БУБИНЕД❤️❤️
▶︎

ДУОИ БЕХТАРИН ХАТМАН БУБИНЕД❤️❤️

Хочи Мирзо Барои Кабули Дуо Хами Кора Куне Пагох ё имруз Дуо Кабул Мешавад
▶︎

Хочи Мирзо Барои Кабули Дуо Хами Кора Куне Пагох ё имруз Дуо Кабул Мешавад