Pomir Pomir
Суруди “Помир”, “Помир”, “Помир”, “Помир” 28-уми октябри соли 1988 дар таърихи футболи тоҷик ҳамчун рӯйдоди муҳим сабт шудааст. Дар ин рӯз дастаи «Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ «Даугава» -и Ригаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, пешакӣ ғолиби мусобиқаи лигаи якум гардид ва бори аввал ба чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ роҳхат гирифт. Аз ин пирӯзии футболбозони тоҷик шоири ширинкалом Камол Насрулло хеле хушҳол шуда, шеъреро бо номи “Помир”, “Помир”, “Помир”,”Помир” таълиф кард. Он моҳи ноябри соли 1988 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” нашр шуд. Бо хоҳишу дархости банда, шореҳи варзиш Нарзулло Латипов, дӯсти қадрдонам, ҳунарманди мумтоз Ҷамшед Исмоилов дар ҳамкорӣ бо оҳангсози маъруф Амирбек Мӯсоев ин шеърро ба оҳанг даровард ва сароид. Суруди “Помир” аввалин бор дар иҷрои Ҷамшед Исмоилов дар барномаи солинавии Телевизиони Тоҷикистон аввали январи 1989 садо дод. Баъдан ин суруд гимни дастаи машҳуру овозадори “Помир” гардид ва пеш аз ҳар як бозӣ дар Варзишгоҳи ба номи Фрунзе танинандоз шуда, мухлисонро шод мекард ва ба футболбозони тоҷик илҳому қувваи тоза мебахшид. Сад дареғ, ки ин ҳунарманди асил, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷамшед Исмоиловро 16-уми августи имсол дар оромгоҳи Лучоб дар Душанбе дафн карданд. Ӯ бо бисёр таронаҳои худ, аз ҷумла суруди “Помир”, дар байни мухлисонаш шуҳрат ёфта буд. Ин сурудро дар Ютуб бештар аз 35 000 бор тамошо кардаанд. Дар бораи таърихи пайдоиши ин суруд Ҷамшед Исмоилов дар як суҳбати худ дар Телевизиони “Сафина” нақл кардааст. Оҳанги тарона аз Амирбек Мӯсоев ва матни он ба қалами Камол Насрулло тааллуқ дорад, ки ҳоло пешкаши ҳаводорони футбол мегардад. Аз ин кори нек рӯҳи ин фарзанди фарзонаи миллат шод хоҳад шуд.

ХӨЛБӨМБӨГИЙН БЕСТСЕЛЛЕР-АГУУ БРАЗИЛЫН ШИГШЭЭ

Abbosbek Fayzullayevning xonadonida

فیلم " قلیچ آخته " پرویز قلیچ خانی کاپیتان سابق تیم ملی فوتبال ایران و مدیر مسئوال نشریه آرش

Стадиони нав дар Душанбе!

Unbelievable Workers | Working with Talented Engineers #46 #fail #adamrose #smartworkers

NERVOUS 12-Year-Old Who Can Sing Without Opening Her Mouth Earns Mel B's GOLDEN BUZZER!

Bazilevich on the death of the Pakhtakor

موزیک ویدیو یوزپلنگان ( جام جهانی ) -Yozpalangan World Cup

Бо Фарзона дар майдон. Регар-ТадАЗ

Басманда Метк яркие моменты 2 тайм

بازی تاریخی ایران استرالیا

Беслан Дакаев - ФК " АХМАТ" (Гимн болельщиков) сл. А. Григорьяна муз. А. Бесаева

Unbelievable Smart Worker & Hilarious Fails | Construction Compilation #7 #adamrose #smartworkers

امیداوری فدراسیون فوتبال کشور از پیوستن ندیم امیری در تیم ملی

Rowan Atkinson's Brilliant Humor Leaves Celebrities in Tears!

Бахва Тедеев. История легенды российского футбола: детство, сборная, чемпионство и многое др.

😳 اعتراف سنگین سرمربی ایران: از افغانستان سیلی محکمی خوردیم!

People Who Messed With The Royal Guard and Regretted It!

Регар-ТадАЗ – Ҳосилот | Даври 6 | Лигаи олӣ 2023 | Шарҳи бозӣ

