ПРЕЗИДЕНТ БА ДУХТУРИ ТОҶИК ХОНА ТӮҲФА КАРД
Дирӯз бахшида ба Рӯзи табибон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш аз табиби тоҷик Муҳаммадҷон Ҳусейнов тавсиф карда, ӯро намунаи ибрат хонд. Ин табиб аввали моҳи май дар як видеои кӯтоҳаш аз табибоне, ки дар рӯзҳои сахти пандемия беморонро дар беморхона партофтанду дар хонаҳои худ пинҳон гаштанд, ба танқид кашида буд. Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти сӯҳбат гуфт, ки видеои ин табиб ӯро сахт ба риққат овард ва ӯ махсус хост, ки ин табибро ҳатман ба ин мулоқот даъват кунанд ва ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ кунанд. Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар суҳбати рӯ ба рӯ бо Президент қисса кард, ки падарашро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ куштанд ва бори зиндагӣ бар зиммаи ӯ гузашт. Барои ҳамин, баъди хатми Коллеҷи тиббии Душанбе ӯ натавонист таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон идома диҳад. Ӯ иброз дошт, ки ба Русия рафта, се сол мардикорӣ кард ва як хонаи нимплана (барачний дом) харид, то модару бародарашро назди худ биорад. Ҳоло Муҳаммадҷон 31 сол дошта, 7 сол таҷрибаи кор ва зану як фарзанд доштааст. Баъдан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъулин, хусусан ба Асадулло Раҳмонов ва Ҷамолиддин Абдуллозода дастур дод, ки ин табиби ҷавонро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил кунанд. Инчунин, барояш ҷойи кори мувофиқ биёбанд, то ин ки оилаашро хӯронда тавонад. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ба ин табиби тоҷик, ки дар рӯзҳои сахти пандемия аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касбаш нишон дод, як хонаи дуҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. «Ин хел ватандӯстон бо як жести худ ҳазорон нафарро аз паси худ мебаранд. Яъне, ҳазорон нафарро ба номус меоранд”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи ин табиб. Ёдрас мешавем, ки Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар бемористони “Истиқлол” ба ҳайси табиб фаъолият дошта, зодаи ноҳияи Восеъ мебошад.

“Хусури Ман 32” - качество оригинал 4К. Официально!

Аввалин бародари тиббе, ки ҳам медали Русияро гирифту ҳам Президент хона тӯҳфа кард

Суҳроб Одилиён кист? қисми 1

Суҳроб Одилиён кист? қисми 2

4 СУРАИ НИСО

Рӯзгори пурмоҷарои табиби тоҷик: ГИРЯ, НОМУС, МОДАР ва вохӯрӣ бо ПРЕЗИДЕНТ

Сафарҳои президент ба ноҳияҳо бо ҳадафи чист?

Кабирӣ ва Талбаков. Бархӯрди дидгоҳҳо

ШИКОЯТИ ҚАССОБЗАН АЗ БОЛОИ ШАВҲАРИ ҲОҶИАШ

Ба ман мегӯянд: “Ту як гадои бехонаӣ.”

The Secrets of Umedjon Burhon's Love and Life

Президент ба фелдшере, ки ашк рехта буд, хона ваъда кард

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рӯзи дониш

Писар маъюб таваллуд шуд — падар оиларо партофт

Очень иинтимный фильм который смотрят под одеялом с вазелином | ВОНЗИ В МЕНЯ | Русские мелодрамы

Хиёнат ба Ватан накунед! Беҳтарин суханҳои Президент.

Президент ба додрасҳо як сол муҳлат дод

ویژه برنامه از کشت زار های بادنجان رومی در گذر کچلی های کندز | گفت وشنودهای شیرین دهاقین | ستاره شهر

Путин признал топливный кризис. Блокпосты в Мурманской области. Коллапс с бензином в Иркутске

