Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик гуфтанд Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи тасдиқшудаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 469 иншооту биноҳо корҳои сохтмону таҷдид ба итмом расидаанд. Мавриди зикр аст, ки қисми асосии иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, аз ҷумла барои ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 4,1 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар роҳи бунёди роҳҳову нақбҳо ва роҳҳои оҳан андешаронӣ карда, бунёди нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон”-ро намунани олии иқдомҳои шоиста дар ин самт арзёбӣ карданд. Имрӯз ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон тавассути нақби “Истиқлол” бо пойтахт, қисми марказӣ ва ҷанубии кишвар ва аз тариқи нақби “Шаҳристон” бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кишварҳои ҳамсоя тамоми фаслҳои сол робитаи шабонарӯзӣ дорад. Соҳаи саноат дар ноҳия яке аз бахшҳои афзалиятнок буда, тавассути рушди он муҳайё намудани ҷойи корӣ барои ҳазорҳо нафар сокинон ва дар ин замина хеле беҳтар гардонидани некӯаҳволии мардум имконияти фаровон мавҷуданд. Ҳоло дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 5 моҳи соли 2021 ба 717 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад. Бо истифода аз мавҷудияти конҳои гуногуни металлҳои ранга ва қиматбаҳо, инчунин, ангишт дар ҳудуди ноҳия солҳои охир барои истихроҷ ва коркарди онҳо як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда шудааст. Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳоло ноҳияи Айнӣ ба яке аз марказҳои муҳими саноатии кишвар табдил ёфта, аз қатори ноҳияҳои субвенсионӣ хориҷ шудааст ва ба буҷети давлат ҳисса мегузорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи таъминот бо озуқа дар ҷаҳон ва мушкилиҳо дар ин самт, аз ҷумла болоравии нархҳо даъват ба амал оварданд, ки роҳбарону масъулин, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ қитъаи замин доранд, ба масъалаи истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва захира намудани озуқаворӣ дар ҳар оила муносибати ҷиддӣ намоянд. Тайи солҳои 1991 – 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ 27 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 12 ҳазор хонанда бунёд гардида, тибқи нақша, соли ҷорӣ сохтмони боз 3 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1100 нафар хонанда ба маблағи 23 миллион сомонӣ оғоз шудааст. Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд. Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, варзишгарон, омӯзгорон ва собиқадорон баромад карданд. Баромадкунандагон ба Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд.

گزارش ویژه صبور سادات از ترمینال جدید میدان هوایی بین المللی کابل
▶︎

گزارش ویژه صبور سادات از ترمینال جدید میدان هوایی بین المللی کابل

Laugh Your Way Into the New Year! 🥳 | Tom & Jerry MEGA COMPILATION | #KidsCartoons @wbkids​
▶︎

Laugh Your Way Into the New Year! 🥳 | Tom & Jerry MEGA COMPILATION | #KidsCartoons @wbkids​

Irak – Norwegen Highlights | Gruppe I, FIFA WM 2026 | sportstudio
▶︎

Irak – Norwegen Highlights | Gruppe I, FIFA WM 2026 | sportstudio

Пешвои миллат бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд / ахбори точикистон
▶︎

Пешвои миллат бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд / ахбори точикистон

رقية للبيت سورة البقرة، يس، الواقعة، الرحمن، الملك - شفاء وبركة وحفظ من الشيطان Quran Ruqyah
▶︎

رقية للبيت سورة البقرة، يس، الواقعة، الرحمن، الملك - شفاء وبركة وحفظ من الشيطان Quran Ruqyah

سفر با ظفر - دیدار سمیع الله ظفر از موتر های روسی که هنوز هم قابل استفاده است
▶︎

سفر با ظفر - دیدار سمیع الله ظفر از موتر های روسی که هنوز هم قابل استفاده است

Pakistani Truck Parts Repair with a Master Mechanic Amazing Restoration
▶︎

Pakistani Truck Parts Repair with a Master Mechanic Amazing Restoration

Моҳипарварӣ | Меомӯзем
▶︎

Моҳипарварӣ | Меомӯзем

Nervous System Regulation (999 Hz) | 1 hour handpan music | Malte Marten
▶︎

Nervous System Regulation (999 Hz) | 1 hour handpan music | Malte Marten

Tom & Jerry | A Bit of Fresh Air! | Classic Cartoon Compilation | @WB Kids
▶︎

Tom & Jerry | A Bit of Fresh Air! | Classic Cartoon Compilation | @WB Kids

Europe Has Become a War Project — Can It Be Stopped? | Yanis Varoufakis & Jeffrey Sachs
▶︎

Europe Has Become a War Project — Can It Be Stopped? | Yanis Varoufakis & Jeffrey Sachs

Муъминобод | Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023
▶︎

Муъминобод | Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023

Music for the heart and inner peace 🌿 Sergey Grischuk | calm music without words #2
▶︎

Music for the heart and inner peace 🌿 Sergey Grischuk | calm music without words #2

Медицината от древността до днес – разговор с проф. д-р Георги Томов
▶︎

Медицината от древността до днес – разговор с проф. д-р Георги Томов

TOLOnews - 7pm News - 16 June 2026 | د طلوع نیوز د ۷ بجو خبرونه - د ۱۴۰۵ لمریز کال د غبرګولي ۲۶مه
▶︎

TOLOnews - 7pm News - 16 June 2026 | د طلوع نیوز د ۷ بجو خبرونه - د ۱۴۰۵ لمریز کال د غبرګولي ۲۶مه

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд
▶︎

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

Trump meets with UAE president
▶︎

Trump meets with UAE president

НОВЫЙ ФИЛЬМ, КОТОРЫЙ РАСТАПЛИВАЕТ СЕРДЦА! "Прости за любовь" МЕЛОДРАМА. НОВИНКИ 2025
▶︎

НОВЫЙ ФИЛЬМ, КОТОРЫЙ РАСТАПЛИВАЕТ СЕРДЦА! "Прости за любовь" МЕЛОДРАМА. НОВИНКИ 2025

VENICE, THE DREAM OF IT! | A walk through the most beautiful places
▶︎

VENICE, THE DREAM OF IT! | A walk through the most beautiful places

BASHKORTOSTAN! Bashkir life IN THE VILLAGE! Beshbarmak made with three types of MEAT! What to do ...
▶︎

BASHKORTOSTAN! Bashkir life IN THE VILLAGE! Beshbarmak made with three types of MEAT! What to do ...