ГУЗОРИШ АЗ МАРОСИМИ ИФТИТОХИ БИНОИ ТАЧРИБАОМӮЗӢ
ИФТИТОҲИ БИНОИ ЗАМОНАВИИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ Имрӯз бо иштироки Саидзода Раҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Мирзо, Раиси шаҳри Ваҳдат ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бинои 2 ошёнаи наву замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти ҳозиразамони таҷрибаомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти нав дар дараи Ромит, дар Боғи “Агробиолабораторӣ”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ қомат афрохта, барои баланд бардоштани корҳои таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯёни факултетҳои география, биология ва химия пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон Саидзода Раҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш маорифро самти муҳим медонанду ҳамеша зимни суханронияҳояшон таъкид менамоянд, ки баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбият бояд беҳтарин шароитро фароҳам оварем, то ҷавонони донишманду ватандӯстро тарбият намоем. Инчунин Исмоилзода Мирзо, Раиси шаҳри Ваҳдат аз раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баҳри бунёди бинои замонавии таҷрибаомӯзӣ дар ин макон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки қомат афрохтани иншооти нав барои ободу зебо гаштани деҳоти шаҳри Ваҳдат мусоидат хоҳад кард. Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавӣ зикр намуд, ки мақсад аз сохта ба истифода додани бинои муосири таҷрибаомўзӣ ин пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҷалби бештари ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифати таҷрибаомӯзии донишҷӯёну мутахассисони ояндаи кишвар мебошад. Бинои нави таҷрибаомӯзӣ 2-ошёна буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таҷрибаомӯзии саҳроӣ ва донишомӯзии донишҷӯён сохта шудааст. Даргоҳи нави таҷрибаомӯзии саҳроӣ аз 60 рахти хоб, 15 синфхона, аз ҷумла як маҷлисгоҳ, 2 утоқи корӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон барои омӯзгорону мутахассисони илмҳои биология, химия ва география иборат мебошад. Толори маҷлисии иншооти тозабунёд дорои 120 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои таҷрибаомӯзӣ мувофиқ мебошад. Бинои нав ҳамчунин дорои ошхона бо 60 ҷой нишаст буда, дар оянда баҳри таҷрибаомўзии донишҷўён ва корҳои таҳқиқоти илмии омўзгорон хидмат хоҳад кард

Вазири маориф ба суоли хабарнигорон посух надод

Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд.

Гузориши телевизионӣ аз рафти чорабинӣ бахшида ба ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи тиббӣ

🔴 Makkah Live | مكة مباشر | الحرم المكي مباشر | قناة القران الكريم السعودية مباشر | مكه المكرمه

Кӯчондани тонки машҳури Душанбе

Дар назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Маркази клиникӣ ва илмӣ-таълимӣ таъсис ёфтааст

Президент ба роҳбарон чӣ гуфт?

БОЗТОБИ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ РИЗО ХОКИРОЕВ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ "СОҲИБХИРАД"

Moody Gardens Penguin Cam LIVE | Penguin Habitat Stream at the Aquarium in Galveston, Texas

«Ҷасорат» - Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чего достиг Пашинян в глазах мира? Отношение к Армении в ЕС и на Ближнем Востоке

Кадом касбу кор дар Тоҷикистон сердаромад аст?

Таъйиноти кадрӣ 25.07.2025

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

ЛАҲЗАЕ АЗ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «МЕТРОПАЖ» ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

Назарпурсӣ: Ба милисаҳо чӣ паёму пешниҳод доред?

9-уми май чӣ рӯз аст ва чаро Тоҷикистон бояд онро ҷашн гирад?

Гузориши телевизионӣ аз ифтитоҳи нахустнамоиши инфиродии осори арбоби барҷастаи санъати монументалӣ.

Созмони Милал гуфт, ки сатҳи дониш дар Тоҷикистон паст рафтааст

