Роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ба истифода дода шуд
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд. Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар - Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, насби чароғакҳои роҳнамо, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзакорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст. Қисматҳои аҳолинишини роҳ тибқи талаботи байналмилалӣ чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон осудагию бехатарии мардумро дар назар дорад. Васли новаҳои оҳану бетонӣ, қубурҳои обгузар, тахтасангҳои ду канори роҳ ва деворҳои ҳимоявӣ ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд. Дар қисматҳои кӯҳистони табиати Тоҷикистон тавассути корҳои тахту ҳамворкунӣ имконият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар гардонида шудааст. Бо супориши Сарвари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Леваканд низ навсозӣ хоҳад шуд.

Tinchlik muzokaralaridagi umid, futbol bayrami ochilishi – kun dayjesti

Georgia’s Deadliest Winter Lifeline

گفتگوی ویژه صبور سادات با نعمت الله بارکزی در مورد سه پل هوایی جدید در کابل

Бекорхуҷаҳо-То 10 Хазор Сомон набоша ҳиҷо намерам

"Назарбаевтың құлағы", қоштасқан Қошанов, қамаудағы Боқаев — AzatNEWS l 12.06.2026.

Ажо м-н Токторбаев Элге үй тапшырды😍 Кокустан жолугуп

Asphalt Paving of the Joy-e-Shir to Pul-e-Artel Road Has Begun

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (11.06.2026) اخبار تاجیکستان )

Ифтитоҳи Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

تغییرات 85 فیصدی در ساحه کلوله پشته کابل و ساخت سرک بدیل بره کی و کاهش ازدحام|گزارش ویژه امیر خالقی

ТВТ | Маҳфили Зарифон: Левеканд ва Соҳибкор | Mahfili zarifon

Mamedov (BUL) vs. Amouzadkhali (IRI) | Ulaanbaatar Open 2026

ФИЛМИ НАВИ ТОҶИКӢ БО НОМИ НОМУС

Isroil rahbari Vashington bosimi va urush botqog‘i orasida #fikratuz

Нигоҳе ба рушд ва аҳамияти рушди интернет дар Тоҷикистон

ТАДЖИКИСТАН/Дороги Таджикистана/Бохтар - Дангара

تېر څلور کاله؛ د کابل ښار د آبادۍ او پرمختګ په برخه کې د قوي ارادې او ژمنتیا ویاړلی داستان

Salom mundial: Jahon chempionati guruh bosqichining eng muhim o‘yinlari | Xayrulla Hamidov | GAZETA

Shoir, yozuvchi va qo‘shiqchilar nega mukofotlanadi?

