Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт
8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душане баргузор гардид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд. Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад. Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Бояд гуфт, ки баъди гузоштани санги асоси бунёди иншоот мутахассисони варзидаи соҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар пас аз омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷониба лоиҳаи Масҷиди ҷомеи марказии Душанберо таҳия карданд. 5 октябри соли 2011 корҳои сохтмони иншоот оғоз гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи бунёди масҷиди ҷомеъ ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзиданд. Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст. Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад. Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст. Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад. Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст. Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст. Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст. Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

Открытия Центральной соборной мечети города Душанбе / Ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе

ПУРРА: То куҷо тоҷикистониён нисбати ғайримусулмониҳо таҳаммул доранд

Марям Давлатова: Солимии равонӣ дар оила

ТАДЖИКИСТАН - ГОРЫ, ЗАТЕРЯННЫЕ НАЦИИ И УДИВИТЕЛЬНЫЕ ЛЮДИ | ЛУЧШИЕ ВЫПУСКИ ОРЕЛ И РЕШКА|ЛУЧШИЕ ТВ-ШОУ

جنگ احد|مکان زخمی شدن پیامبر|مقبره حمزه| تپه تیراندازان|Uhud Mountain Madina

КАМЕРАХО ЭХТИЁТКОРИ ВА ФАРХАНГИ РОНАНДАГИ.

40 ҳазор намозгузор: чӣ гуна дар масҷиди нав аввалин намози ҷумъа гузашт

Аввалин рузи намози ҷумъа дар масҷиди ба номи Имоми Аъзам

Аз тахрихи тахсиси телевизион, радио ва кормандони сохаи Алока

Гузориши Телевизиони "Сафина" аз баргузории иқдомоти байналмилалии "Шабе дар Осорхона"

ЭШОНИ САЙИДМУТАҲҲАР - САРХАТИБИ МАСҶИДИ НАВИ 100 МИЛЛИОНДОЛЛАРА КИСТ

ТАБРИКОТИ "ОЧАИ ҚИҒИШМО"БО ҲАЗЛУ ШӮХИ ДАР ШОУ-КОНСЕРТИ МЕҲРОБИ ШАРИФЗОД#100k #1concert ОБУНА ШАВЕД!

أذكار الصباح - راحة نفسية لا توصف بصوت القارئ علاء عقل | Morning Athkar - Dzkir Pagi by Alaa Aql

Душанбе Первый пятничный намаз в самой большой Мечети в центральный Азии #таджикистан #uzbekistan

ЖК Navoi Galaba | Navoi Galaba | Душанбе

САВОЛУ ҶАВОБ

30 new electric buses introduced in Dushanbe

Суҳроб Одилиён кист? қисми 1

4k Центральная мечеть Душанбе имени Имам Аъзам 2024 Said Saidov #tajikistan #tour #tourism #мечеть

