Кулбаи хасӣ ва рӯзи сиёҳи Моҳшариф
Муддати 15-сол аст, ки сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканд Моҳшариф Назарова фақат мегиряду мегиряд. Мегиряд аз талхиҳои зиндагӣ, мегиряд ба ҳоли зори худ ва бачаҳои сарлучу пойлучаш, мегиряд барои шавҳари ғарибаш, ки бо пойҳои маҷақшуда дар мулки рус бесоҳиб хобидааст. Дар чашмони маҳзуни ин зан аз гиряву нолаи бисёр дигар об намондааст... Моҳшариф бо панҷ фарзанди хурдсолаш 15-сол боз дар ана ҳамин хаскапа дар шароити ниҳоят душвор умр ба сар мебарад. Манзили зисти ин оила аз гил сохта шуда, ҳатто пойдевор надорад. Боми хонаро бо шоҳаҳои дарахтон пӯшондаанд. Манзили онҳо на фарш дорад, на шифт, ҳар шаб ин зани бетолеъ дар рӯйи хок барои худ ва панҷ фарзандаш ҷогаҳ андохта, бо дили пурхун сар ба болин мениҳад. Фасли тирамоҳ фаро расидаву ҳаво хеле сард гаштааст, аммо бачаҳои Моҳшариф то ҳол таги як курта ва бо пойпӯшҳои резинии тобистона мегарданд. Ин кӯдакони бетолеъ ҳатто ҷӯроб надоранд, ки пойҳои кӯчакашонро андаке ҳам бошад, аз шиддати сармо муҳофизат кунад. Азбаски савод ва касбу кор надорад, Моҳшариф дар ягон ҷо кор намекунад. Ҳамсояҳо аз рӯйи раҳм гоҳо ба ин оилаи камбизоат як дона нон ё як коса хӯрок меоранд, вале то ба кай бо чунин аҳвол метавон умр ба сар бурд? Хаскапаи Моҳшариф танҳо аз як ҳуҷра иборат буда, дар як вақт вазифаи хонаи хоб, ошхона ва ҳамоморо иҷро мекунад. Азбаски барои нигоҳ доштани маводи сӯхт ҷой надоранд, зан маҷбур аст, ки таппакҳои хушкондаашро дар долонча ғарам чинад. Дар ҳамин давраи нозук, ки каронавирус тамоми ҷаҳонро ба даҳшат овардаасту роҳи ягонаи муҳофизат аз ин бемории қаттол риоя намудан ба тозагӣ мебошад, бачаҳои Моҳшариф рӯзҳои дароз дар байни ғарами таппак ба хоку лой ҷӯлида мегарданд. Азбаски об нест, кӯдак маҷбуранд, ки пойлучу сарлуч қариб аз як килметр роҳ оби нӯшокӣ кашонанд. Бо дидани ҳоли зори ин тифлакони маъсум дили санг ҳам об мешавад. Моҳшариф аз он метарсад, ки дар фасли зимистон ин хаскаппаи лойӣ дар болои бачаҳояш чаппагардон нашавад. Умедворем, ки хукумати шаҳри Сарбанд ва дигар шахсони хайрхоҳ ба Моҳшариф Назарова ва бачаҳояш дасти ёрӣ дароз намуда, ин оилаи ниёзмандро аз зиндагии сангин ва вартаи навмедӣ раҳоӣ мебахшанд. ТЕЛЕФОНИ МОҲШАРИФ НАЗАРОВА: 907706029

“Бигзор кам бошаду ҳалоли бошад” | “Пусть имущество будет малым, но дозволенным”

“Ризқу рӯзиямро аз партовгоҳ меёбам” | “Зарабытаваю на хлеб из мусорки”

АВРОҚИ ЗИНДАГИ КИБРИЁ КАРИМОВА

МУСРКА БДАГИ СОХИБИ ХОНА ВА ПУЛИ КАЛОН ШИД☺МУБОРАК БОШАД ДУСТОН АПА ШОКДА МОНДАЙ😂😂😂😂😂😂😂

Ҳафтаҳое мешуд, ки кӯдаконам нонро намедиданд|Неделями бывало так, что мои дети не видели даже хлеба

Диабети қанд ва аломатҳои он | Суҳбат бо Асомуддинов Шарифхон | Интеллект плюс

Филми тоҷики 3 духтарон

Хамара Ба гирён овардаги Апаи Фотима дар Мазор зиндаги мекунад Ёрдами шумода мухточ хас

Кумак кунед мардуми хайрхох.

ҒАМИ ФАРЗАНД МОДАРРО ФАЛАҶ КАРДУ ПАДАРРО НОБИНО

АШКИ ТАЛХ ВА ЗИНДАГИИ САНГИНИ ҚОРИИ ҚУРЪОН

"Оила" боз як оиларо соҳиби манзил кард!

“Аз партовгоҳҳо ашёҳои пластикӣ ҷамъ карда рӯз мебарам” | “Собираю пластмассы, чтобы кормить семью»

ХОЛА СОХИБИ ХОНА ВА ПУЛ ШИД БО ЁРИИ МУХОЧИРОН ВА АБДУРАХИМИ КУЛОБИ АНА ХУРСАНДИ😊😊😊😊😊😊😊

“I have been living in a cemetery for 11 years” | Saliheen

ТочикФилм Убури Сангин | TajikFilm Uburi Sangin

ولاگ سفر | نان پختن لیلا در تنور وطنی و ماست وطنی ♥️

Дар Мехмони "Оё Медони" Бо Маъруфи Лисси! Ба Қасти ки Зани Дуюум гирифт?Хамаш ошкор шуд

Духтаре ки аз рӯи дарахт нодухтар шуд. Хеле қиссаи ибратнок. Киссахои Исломи-2021.хун.

