Корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар н. Данғара идома дорад
26 апрел дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Бинои асосӣ аз 71 синфхона, 255 ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат буда, барои истифодаи кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ нигаронида шудааст. Дар ин ҷо ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо 1200 ҷойи нишаст, китобхона, толори электронии китобхонӣ бо 80 ҷой, таҳхона барои нигаҳдории китоб, ошхона бо 300 ҷой нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ ҶСК “СТС иншоот” мебошад. Айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

How Toilet Bowls Are Made | Amazing Toilet Bowl Manufacturing Process in Pakistan

Новости дня | 25 июня 2026 г. — вечерний выпуск

Аҳзоб (Хандақ) Сира №23

Кочкордогу жолугушуу: Президент элдин арыз-арманын ачык укту (1-бөлүм)

БОЕВИК! БАНДИТЫ ПЕРЕШЛИ ДОРОГУ БОМЖУ! НО БЫВШИЙ ВОЕННЫЙ БЫЛ САМЫМ ОПАСНЫМ ПРОТИВНИКОМ! Старый Волк

Portugal – Usbekistan Highlights | Gruppe K, FIFA WM 2026 | sportstudio

The Day Zlatan Ibrahimovic Made History for Sweden

Ракетная опасность в Подмосковье. Скандал из-за мобилизации в Пензе. Соловьев готов пойти в снайперы

ЖИРИНОВСКИЙ. ОДНО ИЗ ПОСЛЕДНИХ ВЫСТУПЛЕНИЙ - 16 января 2020

YOU Won’t Believe This 😱 Homeless 8 Years of Hair & Beard Transformation

Что произнёс Маршал Жуков перед расстрелом? Вы будете шокированы!

Россия сделала последнее предупреждение Армении. 25 июня

'You are all that matters to me': Aide’s notes to Trump revealed | Haberman & Swan

КАМЕРАХО ЭХТИЁТКОРИ ВА ФАРХАНГИ РОНАНДАГИ.

'Can't Replace China': NVIDIA CEO Warns Of China’s Quick Progress, Says BRI Will Push Them Forth

Джейсон Стэйтем в фильме Гая Ричи - ГНЕВ ЧЕЛОВЕЧЕСКИЙ / Wrath of Man / Смотреть онлайн бесплатно

TOJIKISTON HISORI VA ARASHANDI IDYALIDAN KELDI SHOSHILING +99895 747 71 72

Главная катастрофа в истории Таджикистана

