Олим Бобоев ушшоқи Самарқанд

Биё ки зулфи каҷу чашми сурмасо инҷост, Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо инҷост. Карашма - теғу мижа - ханҷару нигоҳ - алмос. Шаҳодат ар талаби Дашти Карбало инҷост. Агар биҳишт диҳандат фиреби кас нахури, Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо инҷост. Китоб хонаи олам варақ-варақ ҷустам, Хати ту дидаму гуфтам, ки: "Муддао инҷост!" Закоти ҳусн агар медиҳи бароҳи Худо, Биё ки Зебунисо ҳамчу ман гадо инҷост . Зебунисо