Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб / Концерт куляб

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок карданд 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми сокинони ватандӯсту ватанпарвар, намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Хатлон ба қадри Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоли худ мерасанд ва барои шукуфоии он тадбирҳои созандаро амалӣ месозанд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 39 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз 5,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Инчунин, дар ин давра ба вилоят зиёда аз 18,9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки 11,1 миллиард сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ ва 7,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақими дохилӣ мебошад. Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 — 2025 амалисозии боз 345 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 миллион сомонӣ оғоз гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда, дар се соли охир беш аз 7600 иншооту биноҳои таъйиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки дар онҳо 32 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Хатлон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 5,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 439 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 2 нақб ва 34 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 219 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, 3 нақб ва 25 пул сохта, ба истифода дода мешаванд. Илова бар ин, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, азнавсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб — Муъминобод ва Кӯлоб — Шамсиддини Шоҳин ба маблағи умумии қариб 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ба истифода супорида шуд. Дар замони истиқлоли давлатӣ роҳи оҳани Бохтар — Кӯлоб ба масофаи 132 километр сохта, ба истифода дода шуд ва дар доираи он 5 пули калон низ бунёд гардид. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ 1161 бинои муассисаи нави таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 468 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳамчун минтақаи аз ҳама сераҳолии мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ин давра аз 892 то ба 1703 расонда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад. ---------------------------------------------------------------------------------------------- ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: https://t.me/AkhboriTojikiston ★ WebSite: https://www.tvt.tj #Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston

ХУДЖАНД НАВРУЗ 2025
▶︎

ХУДЖАНД НАВРУЗ 2025

peshvoi millat- Emomali Rahmon haqida
▶︎

peshvoi millat- Emomali Rahmon haqida

#шеър #суханҳои_хуб #андеша #илҳом #tojikistan
▶︎

#шеър #суханҳои_хуб #андеша #илҳом #tojikistan

گزارش ضیا صالحی از چهارا راهی آریانا/zia report of frooshgah kabul
▶︎

گزارش ضیا صالحی از چهارا راهی آریانا/zia report of frooshgah kabul

Пешвои миллат дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
▶︎

Пешвои миллат дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд

Гузориши Телевизиони "Сафина" аз баргузории иқдомоти байналмилалии "Шабе дар Осорхона"
▶︎

Гузориши Телевизиони "Сафина" аз баргузории иқдомоти байналмилалии "Шабе дар Осорхона"

Argentina vs Canada | A Night Of Football Action
▶︎

Argentina vs Canada | A Night Of Football Action

IRAN daily village life;Baking bread and rustic dinner
▶︎

IRAN daily village life;Baking bread and rustic dinner

Афзалшо Шодиев КОНСЕРТ  КИСМИ 5 Afzalsho Shodiev KONSERT  QISMI 5
▶︎

Афзалшо Шодиев КОНСЕРТ КИСМИ 5 Afzalsho Shodiev KONSERT QISMI 5

Чаро шуморе аз муаллимону табибони Кӯлоб маошашонро саривақт нагирифтанд?
▶︎

Чаро шуморе аз муаллимону табибони Кӯлоб маошашонро саривақт нагирифтанд?

ЖУМА куни Пайғамбар Муҳаммад ﷺ дуоси, инша Аллоҳ, омонлик, бойлик ва муваффақият келтирад
▶︎

ЖУМА куни Пайғамбар Муҳаммад ﷺ дуоси, инша Аллоҳ, омонлик, бойлик ва муваффақият келтирад

Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон
▶︎

Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон

Баҳси комиссари ҳарбии Кӯлоб бо хабарнигори маҳаллӣ
▶︎

Баҳси комиссари ҳарбии Кӯлоб бо хабарнигори маҳаллӣ

Тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
▶︎

Тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (11.06.2026) اخبار تاجیکستان )
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (11.06.2026) اخبار تاجیکستان )

Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб
▶︎

Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб

Mamedov (BUL) vs. Amouzadkhali (IRI) | Ulaanbaatar Open 2026
▶︎

Mamedov (BUL) vs. Amouzadkhali (IRI) | Ulaanbaatar Open 2026

Emomali Rahmon visits farmer Talabsho Davlatov. City of Hisar
▶︎

Emomali Rahmon visits farmer Talabsho Davlatov. City of Hisar

Моделей убивали одну за другой, пока майор не нашёл след | ДИКАЯ ПСИНА | БОЕВИК 2026
▶︎

Моделей убивали одну за другой, пока майор не нашёл след | ДИКАЯ ПСИНА | БОЕВИК 2026

Празднование 27 летия государственной независимости Республики Таджикистан 2018
▶︎

Празднование 27 летия государственной независимости Республики Таджикистан 2018