Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен
Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо назардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ карда шудаанд. Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхона, толори хониш ва бозии шашкаву шоҳмот мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои зиёда аз 500 нафар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд. Дар ҳамин ҷо ба 50 нафар ятимон чун анъанаи неки Наврӯзи Аҷам туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баҳорӣ фараҳмандии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд. Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи нави ҳунарӣ муаррифӣ карда шуд. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен 40 номгӯи асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ифтитоҳи бинои Қасри фарҳангро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, ҳунармандонро бо истифода аз имкони мавҷуда барои таҳияву пешниҳоди намоишҳои нав ва қонеъсозии талаботи маънавии мардум даъват намуданд. Ҳамасола дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои нави фарҳангӣ бунёду навсозӣ ва барои фаъолияти кормандони соҳаи маънавиёт шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Дар ин баробар аҳли фарҳангро зарур аст, ки бо истифода аз чунин имкони муҳайёшуда таҳияву пешниҳоди барномаҳои нави ҳунариро бештар намоянд. Фаввораҳо, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишии шинонидашуда, майдончаи варзишӣ, ҷой барои фароғати кӯдакон ва парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи иншооти фарҳангиро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба як макони зебову диданӣ табдил додааст. АМИТ «Ховар» ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★Telegram: https://bit.ly/2vheVeX ★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Yetim qiz hikoyasi 2 (ozbek kino) Йетим қиз ҳикояси 2 (ўзбек кино)

Қаллоби чиптафурӯшро дастгир карданд

Kolumbien – Portugal Highlights | Gruppe K, FIFA WM 2026 | sportstudio

Дӯкони телефонфурӯширо дар Спитамен ғорат карданд

Раиси Мастчоҳ: 18 ҳазор дар навбати замин!

Дар Спитамен дузди моҳир ба даст афтод

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи истеҳсоли равған дар ноҳияи Спитамен / ахбори точикистон имруз

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (27.06.2024) اخبار تاجیکستان

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахбори Точикистон Имруз - 20.07.2023 | novosti tajikistana

Раиси Спитамен: Пеш аз хама мардум! 5.11.2022

Гузориши телевизионӣ аз ифтитоҳи нахустнамоиши инфиродии осори арбоби барҷастаи санъати монументалӣ.

ПРЕЗИДЕНТ САДЫР ЖАПАРОВ НАРЫН ШААРЫНЫН ТУРГУНДАРЫНЫН СУРООЛОРУНА ЖООП БЕРДИ (2-бөлүм)

Президент Садыр Жапаровдун апасы - Кадыйжан Максүтова

Кумита аз марги се ҷавон хабар дод

Барномаи (ХАЙРУ ЭХСОН) N : 11 н.Спитамен дехаи Куркат .

Сехргари навбати дар н Спитамен

