Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд

Имрӯз ҳамчунин дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ин деҳоти кӯҳистони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд. Дар мулоқот аз рушду тараққиёти деҳоти Сари Хосор ва дар маҷмуъ ноҳияи Балҷувон сухан рафта, таъкид гардид, ки дар деҳоти Сари Хосор бо мақсади амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии тамоми паҳлуҳои ҳаёти сокинони деҳот тасдиқ карда шудааст, ки татбиқи саривақтиву босифати он боиси пешравии соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми деҳоти Сари Хосор мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни иҷрои аксари бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар деҳоти Сари Хосор изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо танҳо бо азму талоши дастҷамъона ва меҳнати садоқатмандона метавонем дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузорем ва дар тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоем. Барои беҳтарсозии шароити инфрасохтори деҳот, рушди кишоварзӣ, хусусан коркарди меваю гиёҳҳои шифобахш, таъминоти барқу об, маориф ва сайёҳӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят вазифадор карда шуданд. Сокинони деҳоти Сари Хосор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста изҳори сипосу минатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаю тадбирҳои бузурги ободонию бунёдкории Ҳукумати мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. АМИТ «Ховар» ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX ★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP ★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m #tajikistan #dushanbe #AkhboriTojikiston

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг
▶︎

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг

Мунаввара Набиева: Падарам намехост, президенти Тоҷикистон шавад
▶︎

Мунаввара Набиева: Падарам намехост, президенти Тоҷикистон шавад

Frankreich – Senegal  Highlights | Gruppe I, FIFA WM 2026 | sportstudio
▶︎

Frankreich – Senegal  Highlights | Gruppe I, FIFA WM 2026 | sportstudio

Лахзахои Гуворро! Ситораи асри 21
▶︎

Лахзахои Гуворро! Ситораи асри 21

Мулоқоти президенти собиқи Тоҷикистон-Қаҳҳор Маҳкамов, бо хабарнигорон(бидуни таҳрир)
▶︎

Мулоқоти президенти собиқи Тоҷикистон-Қаҳҳор Маҳкамов, бо хабарнигорон(бидуни таҳрир)

Соли 2022 ба Тоҷикистон чӣ дод?
▶︎

Соли 2022 ба Тоҷикистон чӣ дод?

Изҳори сипоси сокини 101 солаи ноҳияи Шаҳринав, собиқадор Абдулазиз Қодиров ба Пешвои миллат
▶︎

Изҳори сипоси сокини 101 солаи ноҳияи Шаҳринав, собиқадор Абдулазиз Қодиров ба Пешвои миллат

England vs. Croatia FIFA World Cup 2026 Highlights | Sportschau
▶︎

England vs. Croatia FIFA World Cup 2026 Highlights | Sportschau

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
▶︎

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (14.08.2025) اخبار تاجیکستان
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (14.08.2025) اخبار تاجیکستان

МУЛОКОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО КОРМАНДОНИ НБО РОГУН 10 08 2023
▶︎

МУЛОКОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО КОРМАНДОНИ НБО РОГУН 10 08 2023

FULL: Vance defends Trump, U.S. peace deal with Iran
▶︎

FULL: Vance defends Trump, U.S. peace deal with Iran

Абдуллоҷонов: “Аз эҳтимоли исломӣ шудани Тоҷикистон метарсиданд” (Аз бойгонӣ)
▶︎

Абдуллоҷонов: “Аз эҳтимоли исломӣ шудани Тоҷикистон метарсиданд” (Аз бойгонӣ)

Hegseth Asked For Response To Critics Of Iran Deal Who Say 'That It's Giving Too Much To Iran'
▶︎

Hegseth Asked For Response To Critics Of Iran Deal Who Say 'That It's Giving Too Much To Iran'

Чаро як китоб адибу рӯшанфикри тоҷикро паси панҷара бурд?
▶︎

Чаро як китоб адибу рӯшанфикри тоҷикро паси панҷара бурд?

US lifts blockade on Iranian ports and Strait of Hormuz, allowing oil shipments to flow again
▶︎

US lifts blockade on Iranian ports and Strait of Hormuz, allowing oil shipments to flow again

Сафарҳои президент ба ноҳияҳо бо ҳадафи чист?
▶︎

Сафарҳои президент ба ноҳияҳо бо ҳадафи чист?

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (12.06.2026) اخبار تاجیکستان )
▶︎

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (12.06.2026) اخبار تاجیکستان )

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Маро Шоҳ Искандаров ва Ҳоҷӣ Ҳалим аз дара баргардониданд.
▶︎

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Маро Шоҳ Искандаров ва Ҳоҷӣ Ҳалим аз дара баргардониданд.

Boyle Heights cold storage facility still smoldering after fire; particle pollution advisory in effe
▶︎

Boyle Heights cold storage facility still smoldering after fire; particle pollution advisory in effe